СУҒД БА ХУРОСОН ДАСТИ ЁРӢ РАСОНД
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназар Абӯбакр). — Аз вилояти Суғд ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ кўмаки башардўстона интиқол дода шуд. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки бо супориши раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода гурўҳи корӣ таъсис гардид, ки рӯзи 29 апрел ба маҳалли офат ташриф оварда, аз номи мардуми вилояти Суғд ба осебдидагон кӯмакӣ моддӣ расонид. Ин кӯмак асосан аз масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла 33 метри мукааб тахта, 1000 адад шифер, беш аз 100 кило мех ва дигар лавозимоти зарурӣ иборат аст. Ёдовар мешавем, ки бар асари боришоти зиёди шаби 21-ум ба 22-юми апрели соли равон дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон лағжиши хоку лой ба хоҷагии халқи сокинони ду деҳа хисорот расонид. Дар натиҷаи офати табиӣ зиёда аз 70 манзили истиқоматӣ, аз ҷумла 22 хона ба пуррагӣ ва боқимонда қисман зарар диданд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






