ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ҶИНОӢ БА МАНФИАТИ ТАЪЛИМ

Апрель 8, 2009 13:48

                Душанбе, 8 апрел.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Чанде пештар аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ, коршинос Фаридуни Алӣ аз шаҳри Хуҷанд дар бораи марказҳои компютерӣ ва зарари онҳо ба рафти таълим изҳори норозигӣ карда буд.                 Ба андешаи коршинос Фариддуни Алӣ, афзоиши ҷиноят дар байни ҷавонон, хусусан наврасон аз қабили дуздӣ, ғоратгарӣ асосан аз марказҳои компютерӣ ибтидо мегирад.                  Маҳз ҳамин гуна андешаҳо боис шуд, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шавад. Тибқи тағйироти нави воридгардида, минбаъд нафақат ташкилот ё нигоҳдории қиморхона (казино), балки мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ ҳам ҷиноят буда, шахсоне, ки ба содир намудани ин ҷиноят даст мезананд бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати аз шаш то ҳашт сол ҷазо дода мешаванд.  

Апрель 8, 2009 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад