ТАҚДИРИ СӮҲРОБ ЛАНГАРИЕВ МАЪЛУМ ШУД

Апрель 8, 2009 08:47

                Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиков).- 7 апрел дар шаҳри Душанбе Дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии Суди Олии ҷумҳурӣ баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати Сӯҳроб Лангариев ва шарикони ӯ, ҷамъ 19 нафар барои содир намудани зиёда аз 41 ҷиноятза, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ба монанди одамкушӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, тасарруфи ғайриқонунӣи нигоҳ доштани яроқи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба миқдори ниҳоят зиёд, роҳзанӣ ва ғайра ба охир расид.                 Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ба Сӯҳроб Лангариев, А. Ғафуров, С. Ризоев, С. Бӯриев, Н. Сафаров ва дигарон ҳамагӣ 8 нафар ҷазои ниҳоии якумра аз озоди маҳрум сохтан, мусодираи молу мулк бо адои ҷазо дар колоннаи ислоҳотии дорои низоми махсус ва адои панҷ соли аввали мӯҳлати ҷазо дар маҳбас таъин гардид.                Инчунин 11 нафар ҳаммаслакони онҳо Ш. Набиев, А, Лангариев, Б. Холмаҳмадов, Р.Таваккалов, Б. Шералиев, С. Назаров, Ш. Султонов, И. Одинаев, К. Раззоқов, Ҳ. Шамсов, ва Л. Гулмамадов ҳар кадоме бо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлатҳои аз 8 то 21 сол бо мусодираи молу мулк маҳкум гардиданд.                Қобили тазаккур аст, ки С. Лангариев аз наздикони яке аз қумандонҳои маъруфи Фронти халқии Тоҷикистон Лангарӣ Лангариев буда , барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин дар кофтуков қарор дошт ва ва моҳи маи соли 2008 дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир шуд.

Апрель 8, 2009 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад