ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КАЙҲОННАВАРДОН

Апрель 13, 2009 10:43

                Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 12 апрел дар бисёр мамлакатҳо Рӯзи кайҳоннавардон ботантана ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат дар Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон низ ҷамъомади серодам баргузор гардид.  Дар он сухан дар бораи таърихи таҳқиқи фазои кайҳон, нақши олимон ва муҳаққиқони шӯравӣ дар ин соҳа ва иштироки олимони тоҷик дар пешрафти илми кайҳоншиносӣ рафт. Иштирокчиёни маҷлис хотираи аввалин кайҳоннавард Юрий Гагаринро пос доштанд.                   Номи Ю.Гагарин 12 апрели соли 1961 дар саросари ҷаҳон машҳур гардид. Вай нахустин сокини сайёра мебошад, ки бо киштии кайҳоннавардии «Восток» ба фазои назди Замин баромада, дар атрофи он давр зада буд. Парвози Гагарин як соату 48 дақиқа давом кард.                   Кайҳоннаварди нахустин ба бисёр мамлакатҳои ҷаҳон сафар карда буд. Ӯро дар ҳама ҷо ботантана пешвоз мегирифтанд. Гагарин орзу дошт, ки боз ба кайҳон парвоз карда, проблемаҳои мураккабтари илмиро таҳқиқ намояд.                   Вале Ю.Гагарин 27 марти соли 1968 зимни парвози озмоишӣ бо ҳавопаймоӣ МИГ — 15 ба фалокат дучор гардида ҳалок шуд. Ҳамроҳи ӯ лётчики озмоишгар, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, полковник В.Серёгин низ ба ҳалокат расид. Сабаби аниқи ин воқеа то ҳол маълум нест.          Ю.Гагарин ҳамон вақт нав ба синни 34 — солагӣ расида буд. Ю.Гагарин хеле барвақт аз ҳаёт чашм пӯшида бошад ҳам, роҳи кайҳонро ба дигарон кушод.

Апрель 13, 2009 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид