ТАЪМИНИ КӮЛОБ БО БАРҚ БЕҲТАР МЕГАРДАД

Апрель 13, 2009 16:01

                Кӯлоб 13 апрел. (АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов).-Дар нишасти матбуотие, ки дар шабакаҳои барқии минтақаи Кӯлоб доир гашт Мирзо Исмоилов аз натиҷаи ҷамъбасти семоҳа ба хабарнигорон ахборот дод. Ба гуфтаи ин манбаъ интиқоли қувваи барқ дар навоҳии водии Кӯлоб мӯътадил гардида, айни ҳол мардум рӯзона ва шомгоҳ ба миқдори 5 соат бо қувваи барқ таъминанд. М. Исмоилов афзуд: «Аз шурӯи кори истгоҳи Лолазор-Хатлон сифати интиқоли барқ беҳбуд ёфтааст ва эътимоднокии он хубтар гашта, сифати шиддат ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ ва хароҷоти технологии барқ дар хати барқии 220 Кв якчанд маротиба кам гардид. Дар ҳамин аснод Мирзо Исмоилов аз роҳандозӣ гаштани як барномаи вижа дар самти сохтмони истгоҳҳои бодӣ дар навоҳии водии Кӯлоб дарак дод. Ба гуфти Исмоилов айни ҳол, дар ноҳияи Шӯрообод истгоҳи бодӣ барои фаъол гаштан омода буда, рӯзҳои наздик ба додани барқ оғоз хоҳад кард. Ҳамчунин ин барнома дар навоҳии Фархору Балҷувон низ амалӣ мегардад. Бояд гуфт, ки иқтидори истеҳсолии ин истгоҳ 20 Кв ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки дар ҳолати зиёдшавии об дар обанбори Норак дар рӯзҳои наздик реҷа аз байн меравад».-иброз дошт Исмоилов.  

Апрель 13, 2009 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд