ТАРҲРЕЗИИ НАҚШАИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО КАЙ БА ОХИР МЕРАСАД?

Апрель 17, 2009 11:45

                 Душанбе, 17 апрель (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — 17-апрел дар Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ ташкил карда шуд. Дар он директори агентӣ Абдувалӣ Комилов дар бораи бурду бохтҳои агентӣ дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ ва нақшаву вазифаҳои ояндаи он маълумот дод.                  Мавсуф аз ҷумла, зикр намуд, ки айни замон дар 18 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Нақшаҳои генералии тартибдодаи мутахассисони агентӣ татбиқ мешаванд.                  Нақшаҳои генералии шаҳрҳои Кӯлоб, Ваҳдат ноҳияҳои Балҷувон, Хисор ва Дарбанд пурра таҳия шуда, бо Карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуданд.                 Инчунин таҳияи Нақшаи генералии маркази ноҳияи Шаҳринав ба анҷом расонида шуда, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ барои тасдиқ ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод карда шудааст.                  А.Комилов қайд кард ки, «ҳоло мутахассисони Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Гипрострой» нақшаи муфассали маркази ноҳияро тартиб медиҳанд. Таҳияи Нақшаи генералии маркази шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, марказҳои ноҳияҳои Шуғнон, Тоҷикобод ва Ҷиргатол идома дошта, дар муҳлатҳои муқарраргардида анҷом хоҳанд ёфт. Дар охир, намояндагони воситаҳои ахбори оммавии дохиливу хориҷӣ ба саволҳои сершумори худ аз масъулини агентӣ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.  

Апрель 17, 2009 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд