ТАРМА ОМАД

Апрель 28, 2009 12:04

                Бадахшон, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Рӯзи 3-юм аст, ки дар ВМКБ борони сел меборад. Дар Бадахшон одатан нисбат ба барф хатари борон бештар аст. Зеро бар асари боришоти зиёд кӯҳҳо нам гирифта, сангҳои калон ва ҳатто кӯҳ канда мешавад. Ва чун санге канда шавад, ҳамроҳи худ даҳҳо ва балки садҳо санги хурду калонро ғелонда рӯи водиҳо ҳаракат мекунанд.                Тавре навбатдори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ВМКБ лейтенанти хурд Алишоҳ Шоҳсулаймонов хабар дод, шаби 27-ум ба 28-уми моҳи апрел дар деҳаи Хехаки ноҳияи Ванҷ сел роҳро маҳкам кардааст. Дар километри 11-ум ва 16-уми шоҳроҳи Хоруғ-Роштқалъа низ аз кӯҳҳо сангҳои калоне канда шуда, ҳаракати нақлиётро банд карданд. Ба ғайр аз ноҳияҳои Роштқалъа, ки шиддати борон хеле зиёд аст, дар мавзеъҳои дигар техникаи селу тарматозакунии идороти роҳсозӣ фаъолият доранд.  

Апрель 28, 2009 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд