ВИЛОЯТИ СУҒД БА ФОНДИ ИСТИҚРОРИ ИҚТИСОДИЁТИ МАМЛАКАТ ЗИЁДА АЗ 1 МИЛЛИОН

Апрель 30, 2009 10:32

               Хуҷанд, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Сардори раёсати умумии молияи вилояти Суғд Анвар Мирзоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар давоми семоҳаи аввали соли равон аз вилоят ба Фонди истиқрори иқтисодиёти мамлакат як миллиону 360,1 ҳазор сомонӣ гузаронида шуд. Аз ин маблағ 637,3 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби барзиёд иҷро кардани қисми даромади буҷет, 206,6 ҳазор сомонӣ аз шаҳри Хуҷанд, 175,3 ҳазор сомонӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 75,5 ҳазор сомонӣ аз шаҳри Истаравшан пардохта шуд.              Ба қавли А.Мирзоев, иҷрои барзиёди қисмати даромади буҷети маҳаллӣ ба туфайли тадбирҳои самарабахши кормандони мақомоти молиявӣ ва муассисаҳои андоз муяссар гардид. Қайд карда шуд, ки танҳо ноҳияи Зафаробод нақшаи қисмати даромади буҷети маҳаллиро иҷро накард ва ба ҳисоби фонди мазкур маблағ гузаронида натавонист. Фонди истиқрори иқтисодиёт мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» ташкил карда шуда буд.            Маблағҳои фонд бо мақсади ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқа, инчунин сари вақт пардохтани қарзҳои берунӣ истифода бурда мешаванд.

Апрель 30, 2009 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад