ВИЛОЯТИ СУҒД БА ФОНДИ ИСТИҚРОРИ ИҚТИСОДИЁТИ МАМЛАКАТ ЗИЁДА АЗ 1 МИЛЛИОН
Хуҷанд, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Сардори раёсати умумии молияи вилояти Суғд Анвар Мирзоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар давоми семоҳаи аввали соли равон аз вилоят ба Фонди истиқрори иқтисодиёти мамлакат як миллиону 360,1 ҳазор сомонӣ гузаронида шуд. Аз ин маблағ 637,3 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби барзиёд иҷро кардани қисми даромади буҷет, 206,6 ҳазор сомонӣ аз шаҳри Хуҷанд, 175,3 ҳазор сомонӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 75,5 ҳазор сомонӣ аз шаҳри Истаравшан пардохта шуд. Ба қавли А.Мирзоев, иҷрои барзиёди қисмати даромади буҷети маҳаллӣ ба туфайли тадбирҳои самарабахши кормандони мақомоти молиявӣ ва муассисаҳои андоз муяссар гардид. Қайд карда шуд, ки танҳо ноҳияи Зафаробод нақшаи қисмати даромади буҷети маҳаллиро иҷро накард ва ба ҳисоби фонди мазкур маблағ гузаронида натавонист. Фонди истиқрори иқтисодиёт мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» ташкил карда шуда буд. Маблағҳои фонд бо мақсади ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқа, инчунин сари вақт пардохтани қарзҳои берунӣ истифода бурда мешаванд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






