ҒОЛИБОНИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ «САДОИ ҶАВОНӢ» МУАЙЯН ШУДАНД
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар хонаи маданияти №1 шаҳри Хуҷанд фестивал-озмуни вилоятии «Садои ҷавонӣ», ки дар миёни донишҷӯёни мактабҳои миёнаи махсус эълон гардида буд, ҷамъбаст шуда, ғолибон муайян гаштанд. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мувофиқи хулосаи ҳакамон дар фестивал-озмуни мазкур ҷойи аввал ба дастаи ҳаваскорони коллеҷи технологии шаҳри Исфара, ҷойи дуюм ба дастаи ҳаваскорони омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Панҷакент ва ҷойи сеюм ба дастаи ҳаваскорони омӯзишгоҳи омўзгории ноҳияи Мастчоҳ насиб гардид. Муовини раиси вилояти Суғд Ваҳҳоб Набиев ғолибонро табрик намуда, ба барандагони ҷойи аввал 1500 сомонӣ, ҷойи дуввум 1000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 700 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим кард. Ҳамчунин ба 10 нафар беҳтарин ғолибони озмун дар жанрҳои мухталифи санъат ба маблағи 100 сомонӣ мукофотпулӣ супорида шуд. Мавриди ёдоварист, ки мақсад аз доир намудани фестивал-озмуни мазкур инкишофи фаъолияти эҷодии ҷавонон, дарёфт ва ба рўйи саҳна овардани соҳибистеъдодҳои нав, дастгирии онҳо, тарғиби оинҳои мардумӣ, такмил додани маҳорати иҷрокунандагии даставу гурўҳҳои эҷодии донишҷўён ва дар рўҳияи зебопарастӣ тарбия намудани ҷавонон мебошад. Даври аввали фестивал-озмуни номбурда дар мактабҳои миёнаи махсус, даври дуюми он дар шаҳру ноҳияҳои миқёси вилоят баргузор гардида буд. Дар даври сеюм ва ҷамъбастии ин фестивал-озмун барномаҳои беҳтарини мактабҳои миёнаи махсус, ки аз тарафи аъзои ҳакамон муайян шуда буд, ба намоиш гузошта шуданд.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






