ҲАҶМИ ВОРИДОТИ ПУЛ БА ТОҶИКИСТОН КАМ ШУД

Май 13, 2009 13:19

                       Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 12 май бо роҳбари масъули гурӯҳи Шӯрои иҷроияи Хазинаи байналхалқии асъор Аксел Шиммелпфенинг мулоқот кард. Меҳмон баъди анҷоми мулоқоташ бо Президент зимни сӯҳбати мухтасар бо хабарнигорон изҳор намуд, ки Шӯрои иҷроияи Хазинаи байналхалқии асъор охири моҳи апрел барномаи додани қарзро ба Тоҷикистон ба маблағи 116 миллион доллар тасдиқ намуд. Аз ин маблағ 40 миллион доллар дар давоми соли равон дода хоҳад шуд.                         Қайд гардид, ки ҳаҷми воридоти пул аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар давоми семоҳаи аввали соли равон 30 фоиз ва суръати пешрафти иқтисодиёти мамлакат тақрибан 3,5 фоиз кам шудааст. Сабаби ин кам шудани ҳаҷми хариду фурӯши мол бо мамлакатҳои дигар, пеш аз ҳама Русия мебошад. Дар барномаи зиддибӯҳронии Ҳукумати Тоҷикистон вазифаҳои асосии пешрафти иқтисодиёт муайян карда шудаанд. Вале дар соҳаи андоз ва буҷет баъзе вазифаҳои муҳимро иҷро кардан зарур аст. Инчунин барои таъмини вазъияти мӯътадили соҳаи иҷтимоӣ, яъне расондани кӯмак ба аҳолӣ маблағи бештар сарф кардан лозим меояд, ки бар асари бӯҳрони иҷтисодию молиявӣ зарар дидааст.                     А.Шиммелпфенинг зикр намуд, ки ҳайати дуюми Хазинаи байналхалқии асъор моҳи сентябри соли равон ба Тоҷикистон омада, вазъи иқтисодию молиявии онро ҳамаҷониба таҳлил хоҳад кард. Аз рӯи натиҷаҳои он маблағи дуюми қарзи пешбинишуда дар ҳаҷми 30 миллион доллар ба Тоҷикистон дода мешавад. Ҳукумат ва Бонки миллии Тоҷикистон барои ин бояд бо ҳайати хазина ҳамаҷонибаю самарабахш ҳамкорӣ кунанд.                    Намояндаи Хазинаи байналхалқии асъор ба барномаи зиддибӯҳронии Ҳукумати Тоҷикистон баҳои баланд дод. Вай зикр намуд, ки тадбирҳои дар барнома пешбинишуда барои рафъи оқибатҳои бӯҳрон кӯмаки калон хоҳанд расонд.

Май 13, 2009 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд