ҲАЗОРОН НАФАР ТОҶИКОН БА РУСИЯ РАФТАН МЕХОҲАНД

Май 18, 2009 17:12

                        Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Лудмила Дубинина). — Дар ҷараёни нишасти матбуотии ба қарибӣ дар намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон баргузоргардида масъалаҳои марбут ба рафти иҷрои Барномаи давлатии мусоидат ба муҳоҷирати ихтиёрии ҳамдиёрони дар хориҷабуда ба Федератсияи Русия мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Бисёр саволҳои хабарнигорон ба вазъияти имрӯзаи муҳоҷирати меҳнатӣ дахл дошт.                     Сармутахассиси намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон Виктор Себелев гуфт, ки Ҳукумати Русия 8 майи соли равон барномаҳои минтақавии ҷалби муҳоҷиронро ба вилоятҳои Пенза, Нижегород, Қӯрғон, Омск ва Курск тасдиқ намуд. Дар давоми моҳҳои оянда ба ин барнома боз 17 субъекти мамлакат ҳамроҳ мегардад.                       В.Себелев таъкид намуд, ки иҷрои барнома ҳатто дар шароити бӯҳрони молиявӣ низ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат боқӣ мемонад. Дар робита вақти қабули шаҳрвандони Тоҷикистон дар намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дароз карда шуд.                     Бояд гуфт, ки синну соли иштирокчиёни барномаи муҳоҷират аз 19 то синни нафақаро дар бар мегирад. Мо бештар ба муҳоҷирати мутахассисони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, муаллимон, духтурон, муҳандисон ва коргарони соҳаи сохтмон — бинокорон, харротон, васлгарон, ронандагон, сантехникҳо ва ғайра диққати калон медиҳем, гуфт В.Себелев. Дар барнома масъалаи бо манзили истиқоматӣ таъмин намудани муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо, бо истиснои баъзе мавридҳо, пешбинӣ карда намешавад. Амалан ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ барои кору зиндагӣ ба Русия рафта метавонанд. Инчунин, тартиби ба даст овардани ҳуқуқи шаҳрвандии Русия хеле осон карда шудааст. Муҳоҷирон бо ин мақсад ҳуҷҷатҳои заруриро баробари ба маҳалли истиқоматии нав омаданашон пешниҳод карда метавонанд.                    Маълумоти АМИТ «Ховар»:                      Аз моҳи сентябри соли 2008 то 14 майи соли 2009 -ум 3,8 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Дар ин давра 828 аризаи онҳо барои муҳокима қабул карда шуд. Аз ин ҷумла, 181 оила, ки 577 аъзо дорад, аз Тоҷикистон ба Русия фиристода шуд.

Май 18, 2009 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Наваскарони қисми низомӣ дар ноҳияи Лахш савганди садоқат ба Ватан ёд намуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд