ҶАВОНОН АЗ СОБИҚАДОРОНИ ҶБВ ДАРСИ МАРДОНАГӢ МЕОМӮЗАНД

Май 7, 2009 09:42

                     Душанбе, 7 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба ифтихори 64-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ имрӯзҳо дар қисмҳои низомии мустақар дар шаҳри Душанбе, муассисаю идораҳои таълимӣ ва корхонаҳои пойтахт сӯҳбату мулоқоти иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ барпо гашта истодааст.                     Муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе Шариф Шокиров дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар вохӯрию мулоқот иштирокчиён Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҷавонон доир ба корнамоию шуҷоатмандӣ, ҳифзи ватан, дӯстиву бародарӣ ва ҳамрайъӣ сухан карда, ба онҳо дарси мардонагӣ меомӯзонанд. Шариф Шокиров афзуд, ки маҳз дӯстиву рафоқат ва бародарии халқҳои собиқ Шӯравӣ буд, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ғалаба ба даст оварданд ва мардуми ҷаҳонро аз зулми фашизм озод карданд.                         Шариф Шокиров мегӯяд, ки алҳол дар шаҳри Душанбе 308 нафар иштирокчиёни Ҷанг Бузурги Ватанӣ кору зиндагӣ менамоянд, ки онҳо таҳти ғамхории доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд.

Май 7, 2009 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд