А.МЕРНИЕ: «МО БА ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ ПРОБЛЕМАҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ КӮ

Май 6, 2009 14:41

                Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз чошти имрӯз бо Муншии умумии Созмони аҳдномаи энергетикӣ Андре Мерние мулоқот кард. А.Мерние баъди анҷоми мулоқоташ зимни сӯҳбати мухтасар бо хабарнигорон зикр намуд, ки мулоқоташ бо Сарвари давлати Тоҷикистон мароқовар ва пурмӯҳтаво буд. «Мо бо Президенти мамлакати шумо чандин сол боз ҳамкорӣ мекунем ва ин ҳамкорӣ ба ақидаи ман дар давоми ин солҳо самарабахш буд. Ман зикр намудам, ки аз проблемаҳои Тоҷикистон дар соҳаи энергетика ба хубӣ огоҳам. Бинобар ин Созмони аҳдномаи энергетикӣ тайёр аст ба Тоҷикистон дар ҳалли онҳо кӯмак расонад. Ман, инчунин, ақидаи худро дар бораи барномаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Афғонистону Покистон дар соҳаи энергетика баён намудам», гуфт А.Мерние.               Муншии умумии Созмони аҳдномаи энергетикӣ ба тадбирҳои роҳбарияти Тоҷикистон дар масъалаи истифода бурдани чароғакҳои каммасрафи барқӣ баҳои мусбат дод. Иттиҳоди Аврупо низ айни ҳол чунин роҳи сарфа кардани қуввваи барқро пеш гирифтааст. Ман ба ҷаноби Президент гуфтам, ки иқдоми роҳбарияти Тоҷикистон дар соҳаи таъмини самаранокии истифодаи қувваи барқ натиҷаи дилхоҳ хоҳад дод. Мо воситаҳои техникие дорем, ки ба Тоҷикистон барои боз ҳам бештар сарфа кардани қувваи барқ кӯмак расонда метавонанд, зикр намуд Муншии умумии Созмони аҳдномаи энергетикӣ.                Меҳмон дар ҷавоби саволи хабарнигорон дар бораи имкониятҳои миёнаравии созмон дар байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ изҳор намуд, ки ба расондани кӯмак дар ин масъала омода мебошад. Ҳалли ин масъала аз бисёр ҷиҳат ба мавқеъ ва иродаи сиёсии ҳар ду мамлакат вобаста аст, гуфт вай. Дар фарҷоми сӯҳбат қайд карда шуд, ки А.Мерние рӯзҳои наздик ба Ӯзбекистон меравад ва ин масъаларо бо роҳбарияти ин мамлакат мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.

Май 6, 2009 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд