«АНМН- 10 СОЛИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ НАШЪА»
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Аз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои васеъ таҳти унвони «АНМН- 10 соли мубориза бар зидди нашъа» бахшида ба 10- солагии таъсисёбии Агентии назорати маводи нашаъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта истодааст. Тавре аз шӯъбаи рабитаҳои ҷамъиятии Агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барномаи чорабинӣ аз озмуни мусавараҳои кӯдакона, вохӯриҳо, тақсими варақаҳои иттилоотӣ ва буклетҳо, намоиши роликҳои иҷтимоӣ тавассути телевизион, мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла футболи хурд байни вазорату идораҳо, сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ , ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, иборат мебошад Инак, чанде қабл кормандони АНМН якҷоя бо намояндагони ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ мусобиқаи гӯштини тарзи дзю-до дар байни мактабҳои варзишии ноҳия гузаронид. Ба мусобиқа шумораи зиёди иштирокчиён ва тамошобинон ҷалб карда шуд. Ин ифодагари он мебошад, ки ҷавонон ба чунин маъракаҳо таваҷҷӯҳи бештар зоҳир менамоянд. Дар фарҷоми мусобиқа ба ғолибон мукофот ва тӯҳфаҳо аз номи АНМН супорида шуд. Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Агентӣ дар даҳаи дуюми моҳи май кормандони АНМН бо донишҷӯёни 8 мактаби олӣ вохӯрӣ мегузаронанд, ки вохӯрӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон баргузор гашт.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






