БАРНОМАИ МИЛЛИИ ТАБОБАТИ БЕМОРИИ СИЛ
Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Дар давраи иҷрои барномаи миллии табобати бемории сил комёбиҳои муайян ба даст оварда шуданд. Аз ҳисоби буҷет барои таъминоти молиявии шифохонаҳои мамлакат 3 баробар зиёд маблағ ҷудо карда, 72 духтур тайёр намуда, 14 озмоишгоҳи махсус пурра, 37 озмоишгоҳ қисман таъмир карда шуданд. Аз дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки таъмири куллии яке аз биноҳои шифохонаи Ҷумҳуриявии клиникии сил дар деҳаи Мачитон анҷом ёфт, дар ин ҷо шӯъбаи табобати навъи ба дору тобовари ин беморӣ ба кор шурӯъ намуд. Дар ин давра 53 адад нақлиёти санитарӣ, 70 компютер, 120 микроскопи бинокулярӣ ва 14 адад асбоб барои ташхиси беморӣ харида шуд. Дар натиҷа, ошкор сохтани беморон ва ба қайдгирифтани онҳо беҳтар гардид. Шумораи вафоти одамон аз ин беморӣ хеле кам шуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






