БЕМОРИИ ГРИППИ ГУРӮҲИ «А» ТОРАФТ БЕШТАР ПАҲН МЕГАРДАД
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). — Бемории хавфноки гриппи гурӯҳи «А», ки қабл аз ин бемории зукоми хук номида мешуд, дар мамлакатҳои ҷаҳон торафт бештар паҳн мегардад. Бояд гуфт, ки микроби барангезандаи ин беморӣ то ҳол омӯхта нашудааст. Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ин беморӣ то имрӯз бештар аз 20 мамлакати ҷаҳон ва 38 иёлати ИМА — ро фаро гирифтааст. Теъдоди зиёди одамоне, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, дар Мексика ба қайд гирифта шуданд. Дар ин мамлакат зиёда аз яку ним ҳазор нафар мубталои ин беморӣ гардидааст. Рӯзҳои охир шумораи торафт бештари беморон вафот мекунанд. Аз Хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки бемории мазкур ба сокинони Тоҷикистон таҳдид намекунад. Зеро ҷумҳурии мо аз манбаи паҳншавии беморӣ хеле дур воқеъ гардида, бо онҳо алоқаи мустақим надорад. Бо вуҷуди ин, мутахассисони идораҳои дахлдор бо назардошти имконияти паҳн гардидани беморӣ дар мамлакат нақшаи тадбирҳои заруриро таҳия месозанд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






