БОЗДИДИ МУНШИИ УМУМИИ ЮНЕСКО АЗ ҲУЛБУК

Май 8, 2009 12:55

                     Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Муншии умумии ЮНЕСКО Коичиро Матсуура зимни сафари расмиаш ба Тоҷикистон ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон рафт.                     Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки меҳмони баландпоя зимни боздид аз минтақа пеш аз ҳама қалъаи қадимаи Ҳулбукро тамошо кард. Мизбонон дар бораи таърихи қалъа, ҳамчун ёдгории таърихии дорои аҳамияти стратегӣ маълумоти мухтасар доданд. Қайд карда шуд, ки аз минтақаи мазкур дар байни Шарқу Ғарб роҳҳои сершумори корвонгард тӯл мекашиданд. Зикр шуд, ки Ҳулбук тақрибан ду ҳазор сол пеш, яъне ҳанӯз қабл аз ҳуҷуми арабҳо ба Осиёи Марказӣ вуҷуд дошт. Мутахассисон ба меҳмон дар бораи ҷараёни таҳқиқоти бостоншиносӣ ва тармиму таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ нақл карда, шабакаи гармидиҳӣ ва тоза кардани обро нишон доданд, ки дар ин ҷо дар замонҳои қадим вуҷуд доштанд. Дар ҷараёни шиносоӣ бо қалъаи Ҳулбук пешниҳод шуд, ки он ба рӯйхати ёдгориҳои муҳимтарини таърихии Ҷодаи бузурги абрешим дохил карда шавад.                  Муншии умумии ЮНЕСКО дар Кӯлоб мақбараи Мирсаид Алии Ҳамадониро зиёрат кард. Ба Коичиро Матсуура дар бораи натиҷаҳои ҳафриёти бостоншиносӣ маълумоти мукаммал дода шуд, ки моҳиятан дар бораи таърихи 2700 — солагии шаҳри Кӯлоб шаҳодат медиҳанд.                  Меҳмон дар фарҷоми сафар бо намоишгоҳи маснуоти ҳунармандони халқӣ, аз ҷумла, либосҳои чакан ва асбобҳои мусиқӣ шинос шуд.  

Май 8, 2009 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад