БУНЁДИ НУФУСИ СММ БА САЛОМАТИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРӢ МУСОИДАТ МЕНАМОЯД

Май 14, 2009 10:35

                      Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Намояндагии Бунёди нуфуси Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон 13 май ба муносибати 40 — солагии таъсиси он, 15 — солагии қабули барномаи тадбирҳои амалӣ сохтани қарорҳои конфронси байналхалқӣ бахшида ба вазъи зиндагии аҳолӣ, инчунин нақшаҳои тайёрӣ ба гузаронидани саршумори аҳолии Тоҷикистон дар соли 2010 нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Дар он мудири масъули Бунёди нуфуси СММ роҷеъ ба Тоҷикистон Метю Каханэ иштирок намуд.                       М.Каханэ зикр намуд, ки Бунёди нуфуси СММ масъули ҳаллу фасли проблемаҳои рушд мебошад. Бунёди нуфуси СММ барои эҳтироми ҳуқуқи ҳар фард — мардону занон ва кӯдакон, таъмини ҳуқуқи онҳо ба саломатӣ ва истифодаи имкониятҳои баробар дар масъалаи истифода аз хизматрасонии тиббӣ мусоидат менамояд. Бунёди нуфус маълумоти демографиро дар бораи саршумори аҳолӣ барои муайян намудани сиёсати кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар сохтани саломатии мардум истифода мебарад.                     Намояндаи Бунёди нуфуси СММ дар Тоҷикистон Зӯҳро Аҳмадова афзуд, ки ҳадафҳои фаъолияти созмон беҳтар сохтани шароиту сифати зиндагии аҳолӣ бо роҳи амалӣ сохтани барномаҳои барқарор сохтани саломатӣ, таъмини рушд, ба нақшагирии оила, таъминоти аҳолӣ бо дору, таъмини бехатарии ҳаёти модару кӯдак ва ғайра мебошанд.                     Бунёди нуфуси СММ ҳар сол барои дастрас намудани воситаҳои пешгирикунандаи ҳамли занон ба Тоҷикистон ба маблағи 160 ҳазор доллари ИМА дору ва воситаҳои зарурӣ ворид месозад. Бунёди мазкур 20 ноҳияи мамлакатро ба рӯйхати махсус дохил намудааст, ки ба аҳолии онҳо мувофиқи тартиботи муқарраргардида дору тақсим карда ва хизматҳои тиббӣ расонда мешаванд. Созмон дар чор минтақаи ҷумҳурӣ 11 таваллудхонаро таҳти сарпарастии худ қарор додааст. Бо кӯмаки он дар минтақаҳои гуногуни мамлакат 120 мутахассиси соҳаи тиб тайёр карда шуд. Инчунин, ҳодисаҳои вафоти модарон дар шифохонаҳо ба таври махфӣ тафтиш карда, сабабҳои он муайян карда мешаванд.                    З.Аҳмадова зикр кард, ки дар давоми солҳои 2008 — 2009 ба Тоҷикистон ба маблағи бештар аз 460 ҳазор доллари ИМА дору ва асбобу анҷоми тиббӣ ворид карда шуд.  

Май 14, 2009 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид