ДАР ДУШАНБЕ ДАРГОҲИ ДУНЯВӢ БА КОР ОҒОЗ КАРД
Душанбе, 7 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи Соли бузургдошти асосгузори мазҳаби ҳанафӣ- Имоми Аъзам дар шаҳри Душанбе нахустин муассисаи таълимии динию дунявӣ ба номи «Абӯҳанифа» дари худро боз кард. Муассисаи мазкур хусусӣ буда, он бо ибтикори як гурӯҳ шахсон бо сармоягузории Ҳукумати Шветсария созмон дода шудааст. Ҳадаф аз ташкили чунин муассисаи таълимӣ дар Душанбе омезиши таълими динӣ бо дунявӣ ва омӯзиши таълимоти динӣ тавассути усулҳои наву муосири таълими дунявӣ мебошад, мегӯяд Саид Аҳмадов яке аз муассисони ин даргоҳ. Барномаи таълимии муассиса аз ҷониби устодону коршиносони он таҳия карда шуда, бо Вазорати маорифи ҷумҳурӣ мувофиқа гардидааст. Дар муассиса 70 фоизи таълим динӣ буда, 30 фоизи он дунявист. Алҳол дар он 18 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Ба онҳо устодону омӯзгорони донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи кишвар аз тафсир ва таҷвиди Қуръони карим, фиқҳи ҳанафӣ, ибодот, ақидаи исломӣ, забон , адабиёт ва таърихи Тоҷикистон, забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, равоншиносӣ ва илми тиб дарс мегӯянд.Ҷавонон баъди хатми мактаби таҳсилоти умумӣ ва то сини 35 сола ҳуқуқи таҳсил кардан дар ин даргоҳи маърифатро доранд. Муассисаи мазкур на танҳо дар Тоҷикистон балки дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ ягона донишкадаи таълимии динию дунявӣ буда, аз густариши ҷаҳонбинӣ ва пояҳои дунявият дар ҷомеаи Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.