ДАР МӮЪМИНОБОД САФИ БЕКОРОН КАМ ГАРДИД

Май 27, 2009 08:24

                        Мӯъминобод, 27 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Бо мақсади таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, дар ноҳияи Мӯъминобод аз тарафи шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида шуд.                          Раҳмон Икромов сардори шӯъбаи мазкур гуфт, ки дар ярмарка 9 ташкилоту муассисаҳои ноҳия 122 ҷои кори холиро пешкаши корҷӯён намуданд. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ярмарка 230 нафар корҷӯён ширкат варзиданд, ки аз онҳо 9 нафар ба ҷои кори доимӣ 50 нафари дигар ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ба ташкилоту муассисаҳои ноҳия роҳхат гирифтанд. Гуфта мешавад, ки мувофиқи дурнамо 1700 ҷойҳои кори нав аз тарафи ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳои ноҳия таъсис хоҳанд ёфт. Икромов афзуд, ки дар ноҳия чунин ярмарка то инҷониб 8 маротиба гузаронида шуда, дар натиҷа 92 нафар ба кор таъмин гардиданд, ки аз ин 34 нафарро занҳо ташкил медиҳанд.  

Май 27, 2009 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд