ДАР РУСИЯ ҲАР СОЛ 30 ҲАЗОР НАФАР НАШЪАМАНД ҲАЛОК МЕШАВАД
Маскав, 14 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова ). — 13 май маҷлиси гурӯҳи кории Кумитаи давлатии мубориза ба муқобили маводи нашъадори Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар он сабабҳо, хусусиятҳо ва оқибатҳои интиқоли маводи нашъадор аз Афғонистон ба ин мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз рӯи маълумоти расмӣ, 180 гурӯҳи муташаккили қочоқчиёни афғон маводи нашъадор, хусусан героинро ба Русия интиқол медиҳанд. Ҳар кадоми ин гурӯҳҳо нишони махсуси моли худро дорад. Аз аввали сол дар Русия тақрибан 300 миллион воя маводи нашъадори героин мусодира карда шуд. Ин ба ҳар шаҳрванди Русия, аз ҷумла, кӯдакони навзод дувоягӣ рост меояд. Дар натиҷа ҳар сол дар мамлакат бар асари истеъмоли маводи нашъадор 30 ҳазор нафар ҳалок мешавад, гуфт раиси Кумитаи давлатии мубориза ба муқобили маводи нашъадор, директори Хадамоти федералии назорати маводи нашъадор Виктор Иванов. Қайд карда шуд, ки хариду фурӯш ва паҳн намудани маводи нашъадор ҳам барои Русия ва ҳам барои Афғонистон проблемаи умумӣ ба шумор меравад. Ин зуҳуроти номатлубро танҳо бо роҳи ҳамкории фаъолонаю самарабахши ҳар ду кишвар барҳам додан мумкин аст. Дар давоми панҷ моҳи соли равон дар Русия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёд героин ва хашиш мусодира карда шуд. В.Иванов таъкид кард, ки дар чунин шароити ногувор вазъияти Афғонистон ба таври қатъӣ таҳлил намуда, сабабу оқибатҳои он муайян карда ва тадбирҳои самарабахш андешида шаванд. Дар маҷлис намояндагони роҳбарияти олии Афғонистон, аз ҷумла, ноиби президенти он Карим Халилӣ, вазири мубориза ба муқобили маводи нашъадор Эҳсонулло Ҷовид Худойдод ва шахсони дигари расмӣ иштирок намуданд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






