ДАР ШӮРООБОД БОҒҲОИ НАВ БУНЁД ГАРДИДАНД

Май 14, 2009 17:34

                     Шӯрообод, 14 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бо мақсади вусъат бахшидан ва корҳои ободонию бунёдкорӣ, кабудизоркунӣ ва беҳбудии вазъи экологӣ тибқи супориши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва қарори дахлдори раиси ноҳия корҳои муайяне ба сомон расонида шуд.                      Раиси ноҳия Иброҳим Азизов вобаста ба ин мавзӯъ гуфт: «То ин давра 144 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун дар ҳудуди марзию маъмурии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия шинонида шудааст, ки 71,2 %-и нақшаро дар бар мегирад». Ба гуфтаи ин манбаъ баҳри рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур ва парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда барои солҳои 2010 тӯли се моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 68 гектар боғҳои нав бунёд гардида, 15 гектар боғҳои кӯҳна барқарор гардидаанд.

Май 14, 2009 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд