ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН КОРХОНАҲОИ НАВ БА КОР МЕДАРОЯНД
Душанбе, 19 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Рушди корхонаҳои саноатӣ дар вилояти Хатлон бештар ба назар мерасад. Имрӯзҳо дар вилоят сохтмони 3 корхона ба итмом расида, ба истифода доданд, ки 170 нафарро ба кор таъмин менамояд. Ин хоҷагии моҳипарварии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҶСП «Меҳровари Худобахш» (истеҳсоли хишт) дар ноҳияи Данғара ва коргоҳи коркарди пахта дар ноҳияи Ҷалолиддини Руми мебошанд. Инчунин сохтмони фабрикаи калобаресии «Хима-Текстайл» ва «Котон- Текстайл» дар ноҳияҳои Ёвон ва Сарбанд давом дорад. Дар ин ҷо бо истифодаи технологияи навтарин аз пахтаи маҳиннах калоба истеҳсол карда мешавад. Дар баробари ба итмом расидани сохтмони фабрика 1000 нафар бо кор таъмин мегардад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






