ДАСТУРИ НАВИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Май 15, 2009 12:02

                      Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату кумитаҳо, ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барқияи махсуси телефонӣ равона намуд, ки дар он омадааст:                     «Бо мақсади пешгирии худнамоӣ ва аз байн бурдани каҷфаҳмиҳо дар баёни мардум дастур медиҳам, ки портретҳо ва қолинҳо, ки дар онҳо раисони шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо Президенти мамлакат аксбардорӣ шудаанд, аз утоқҳои корӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва канори роҳҳои мошингард гирифта шаванд.                   Ҳамчунин лавҳаю овезаҳои сипосгузорӣ ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар роҳбарон, ки дар ёдгориҳои таърихӣ, мақбара ва мазорҳо гузошта шудаанд, гирифта шаванд.                 Минбаъд дар кадом шакл гузоштани аксҳои Роҳбари давлат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад».                 Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 15, 2009 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад