ДЕҲҚОНИРО АЗ АШӮРОВ С. БОЯД ОМӮХТ

Май 27, 2009 07:22

           Cуғд, 27 май.(АМИТ «Ховар» Самад Юсуфӣ).-Собирҷон Ашӯров дар соҳаи кишоварзӣ ҳамчун сабзавоткори номӣ дар тамоми Ҷумхурии Тоҷикистон ном бароварда аст. Вай собиқ дастпарвари университети «Дӯстии Халқхо»-и шаҳри Тошканд мебошад. Бо ихтисоси иқтисодчии аграрӣ солиёни зиёд дар  Русия  дар соҳаи кишоварзӣ кор карда таҷрибаи даркорӣ андухтааст.Чанд сол инҷониб бо пешниҳоди вазорати кишоварзии ҷумҳуриямон ба ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд омада кору фаъолият мебарад. Таҷрибаи бойи худро ба дигарон меомӯзонад.Инак имсол у 10 га замин грифта киштукори барвақтии  сабзавотҳои полезиро оғоз намудааст. Тухмиҳои даркориро аз агрофирмаи «ГАВРИШ»  ва агрофирмаи «ПОИСК»-и Россия пешакӣ оварда захира намудааст. Ҳоло сабзавотҳои коридаи  Собирҷон Ашӯров саропо гулу гура бастаанд. Ду навъи сабзӣ  «ШАНТАНЕ» ва «ВИЛМАРИН», тарбузҳои навъи ДУМАРА ва ТРАФИН-и  голландӣ, 17- намуди помидор, ки беҳтарин навъаш «Русский-размер» буда аз 1га замин 140-150 тонна ҳосил медодааст.             Инчунин харбуза, , ҷувории сафеди ошӣ, як чанд намуди лаблабу, карамҳои сафед, сурх, гулкарам, каланфури булгории «ЗОЛОТОЕ ЧУДО», нахуд, лубиё, каду, (навъхои ПАРИЖСКАЯ, МАКСИМ, БОЛЬШОЕ ЧУДО)  корида аст. Диққати моро беш аз хама чуворимаккаи навъи «ХРУШЁВКА» ба худ ҷалб намуд. Баландии он беш аз 4 м. шуда аз як бех 15-20кг ҳосили донаи чуворимакка руёнидан мумкин аст. Масулотҳои рӯёнидаи  Собирҷон ва ҳамсари ӯ Санавбар Раҳимова дар озмунҳои маҳсулотҳои кишоварзӣ чойҳои аввалинро ишғол карда, тамошобинонро ба ҳайрат гузоштааст. Собирҷон Ашӯров бо санъати волои худ метавонад аз як замин дар як вақт 5-6 намуд сабзавоти полезӣ ва ҷуворимакка корида ҳосили аъло рӯёнад. Ҷӯякҳои обгузари бодиринги зери плёнкагӣ дар мобайн ва аз ду тараф чуворимакка, помидор, лаблабу, ва ҷуворӣ хеле хуб ҷобаҷо гузошта шудаанд. Об кам масраф мешавад. Таҷрибаи Собирҷон Ашӯровро дар вилояти Суғд кишоварзони зиёде омӯхта истодаанд.        

Май 27, 2009 07:22

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд