ДОЛЛАР КОМИССАРРО БА ЗИНДОН МЕБАРАД
Душанбе, 7 май (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсия, комиссари ҳарбии шаҳри Табошар полковник Э.Ҷ. Эмомназаров ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 1000 доллар барои тайёр намудани шаҳодатномаи қалбакии ҳарбӣ ба даъватшаванда С.(номаш барои халалдор насохтани тафтишот ифшо намешавад) дастгир шуд. Алҳол аз тарафи муфаттишони Агентӣ чораҳои тафтиши пешакии парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфтааст. Нисбат комиссари ҳарбӣ парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 32қ3, 319қ4, 391қ1 ва 323-и Кодекси ҶҶ Тоҷикистон оғоз карда шудааст. Дар рафти тафтишоти пешакӣ зиёда аз 20 ҳодисаи гирифтани пора аз ҷониби комиссар ошкор карда шудааст, -иброз доштанд дар Агентӣ.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






