ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК БА ТОЛЯТТИ МЕРАВАНД Ё НЕ?
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Ҳайати намояндагони Тоҷикистон чанд рӯз пеш зимни сафари вилояти Самараи Русия дар шаҳри Толятти бо директори техникуми мошинсозии ин шаҳр Анатолий Малин мулоқот карданд. Вохӯрӣ бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷиратии ВКД ҶТ таҳти роҳбарии сардори РМ ВКД ҶТ Сафиулло Девонаев бо иштироки намояндагони Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи Кушод-Бунёди мадад» дар Тоҷикистон, Агентии ҳамкориҳои техникӣ дар Тоҷикистон, Ҷамъияти маърифати калонсолони Тоҷикистон, намояндагони ВАО, раисони ҷамъияти тоҷикони вилоятҳои Самара, Оренбург, Толятти баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ имконияти тайёр кардани мутахассисон аз ҷумлаи ҷавонони тоҷик дар техникуми зикршуда муҳокима карда шуд. Роҳбарияти техникум дар бораи проблемаҳои муайяни вобаста ба шароити зиндагӣ, ба дараҷаи кофӣ надонистани забони русӣ ва андози баланд барои шаҳрвандони хориҷӣ сухан ронд. Директори техникум, қайд намуд, ки Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ бояд ин масъаларо ҳамроҳи волии вилояти Самара мавриди баррасӣ қарор диҳад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






