«ФОРС» ДАР ДУШАНБЕ КЛУБИ ЖУРНАЛИСТОНИ ҶАВОН ТАШКИЛ МЕКУНАД
Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дафтари намояндагии Душанбеи Агентии иттилоотии «Форс»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон тасмим дорад, ки дар пойтахти Тоҷикистон як клуби журналистони ҷавон ташкил кунад. Дар ин бора зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» мудири дафтари намояндагии Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Ҳиндустони ин Агентӣ Муҳаммади Сиддиқфар иттилоъ дод. Ӯ афзуд, ки имрӯз АИ «Форс» дар як чанд кишвари дунё, аз ҷумла Амрико, Ироқ, Ҳиндустон ва амсоли инҳо намояндагии худро дорад. Бо дарназардошти бо ҶИЭ ҳамзабон ва ҳамҷавор будани Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, ки дафтари намояндагии Осиёи Марказии «Форс» дар Душанбе таъсис дода шавад. Имрӯз дар ин дафтари намояндагӣ, дар шаҳри Душанбе 2 нафар фаъолият доранд ва якчанд нафари дигар дар арафаи бозомӯзӣ қарор доранд, ки шояд 2 ё3 нафари онҳо ба кор қабул карда шаванд. Инчунин, ҳоло дар ҷумҳуриҳои Қирғизистон 4 нафар, Қазоқистон 3 нафар ва Ӯзбекистон 2 нафар фаъолият доранд. Муҳаммади Сиддиқифар зикр кард, ки бо мақсади ошно намудани аҳолии саросарии Тоҷикистон бо маводҳои таҳиянамудаи хабарнигорони «Форс» оид ба рӯйдодҳои муҳими Тоҷикистон тасмим шудааст, ки хабарҳои марбут ба Тоҷикистон дар сайти Агентӣ бо ҳуруфоти кириллӣ низ ҷой дода шаванд. Ҳамзамон, хабарҳои Агентии иттилоотии «Форст» дар баробари забонҳои англисӣ, туркӣ, арабӣ ва форсӣ бо забони русӣ низ пахш хоҳанд шуд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






