ГӮСФАНДОНИ МАРКО ПОЛО ҲИФЗ КАРДА МЕШАВАНД
Душанбе, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо мақсади манъ кардани тамоми намуди шикор дар мавзеъҳои сукунати гӯсфандони кӯҳии помирӣ (Марко Поло), нақша — чорабиниҳо омода карда 3 гурӯҳи зудамал дар ҳайати 30 нафар кормандон таъсис ёфт. Гурӯҳ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ВМКБ рейдҳои муштарак гузаронида, ҳолати минтақаро зери назорат қарор додаанд. Ҳамзамон, барои пурқувват намудани заминаҳои техникии гурӯҳҳои зудамал, ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани назорати давлатӣ 3 автомашинаи ҳамаҷогард (вездеход) ва 2 воҳиди кории иловагӣ ҷудо карда шуд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






