ГАЗИ ДАНҒАРА

Май 7, 2009 09:57

                   Душанбе, 7 май (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Вазорати энергетика ва саноат ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Ширкати «Газпромзарубежнефтегаз» аз моҳи июни соли ҷорӣ корҳои иктишофиро дар се минтақаи ояндадори ҷумҳурӣ — Саргазон, дар ноҳияи Данғара, Ренган дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Сариқамиш дар ноҳияи Шаҳринав оғоз мекунад. Ба ин минтақаҳо аз ҷониби ширкати мазкур ворид сохтани техникаю таҷҳизоти зарурӣ оғоз ёфт.                 Аз ҷониби Ширкати «Газпомзарубежнефтегаз» корҳои иктишофӣ дар минтақаи Саргазон ба анҷом расид.                  Алҳол дар ҳудуди ноҳияи Данғара якчанд макони эҳтимолии захираи калони газ кашф карда шудааст.                  Ба иттилои ҳамин манбаъ, мутахассисон барои ба даст овардани маълумоти дақиқтар бояд аз технологияи нави (3D) истифода намоянд. Ин намуди технология ба ҷои нави корҳои иктишофӣ интиқол дода мешаванд.

Май 7, 2009 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад