ИСТИРОҲАТГОҲИ БАЙНАЛХАЛҚИИ РОҲБАРОНИ ҶАВОН КУШОДА ШУД

Май 13, 2009 10:10

                      Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Бо ташаббуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Белорусия ва Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии мамлакатҳои ИДМ мувофиқи карори Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳод аз 11 май то 19 июн дар заминаи истироҳатгоҳи миллии тобистонаи «Зубрёнок» — и Ҷумҳурии Белорусия истироҳатгоҳи байналмилалии тобистонаи роҳбарони ҷавон кушода шуд.                      Аз дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳадафи ташкили истироҳатгоҳи мазкур ба роҳ андохтани равобиту ҳамкории байналхалқии ҷавонон, вусъат додани дониши ҷавонон дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакатҳои ИДМ, мустаҳкам сохтани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва васеътар намудани тасаввуроти ҷавонон дар бораи давлатҳои ИДМ мебошад. Дар фаъолияти истироҳатгоҳ намояндагони созмонҳои ҷавонони Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат меварзанд.                  Даври аввали фаъолияти истироҳатгоҳ аз 11 то 28 май ва даври дуюми фаъолияти он аз 2 то 19 июн давом мекунад.                   Намояндагони ин мамлакатҳо зимни истироҳат дар Белорусия бо роҳбарони Кумитаи иҷроияи ИДМ, намояндагони созмонҳои миллӣ ва давлатии мамлакатҳои ИДМ, олимон ва сиёсатмадорон мулоқот хоҳанд кард.

Май 13, 2009 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад