КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАХШИДА БА ИМОМИ АЪЗАМ

Май 29, 2009 18:46

                            Хуҷанд, 29 май. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).- Дар толори Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд конфронси байналмилалии «Муколамаи фарҳангҳо: Ҷойгоҳи Имоми Аъзам дар фарҳанги ислом ва ҷаҳон» давом дорад, ки, ба 1310-солагии фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, асосгузори мазҳаби ҳанафия Имоми Аъзам Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит бахшида шудааст. Дар конфронс намояндагони бисёр мамлакатҳои хориҷӣ, олимон, файласуфон ва ховаршиносон иштирок доранд.                            Конфронсро ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Салимов кушода, меҳмононро хайра мақдам гуфт.                             Муовини Раиси вилоят Мавҷуда Бобоева номаи шодбоши раиси вилояти Суғд Коҳир Расулзодаро ба унвони иштирокчиёни конфронс қироат намуд.                               Корманди Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадҳусайни Ардуш, олими маъруфи эронӣ Масъуди Ансорӣ олим ва адабиётшиноси Русия Алфина Сибгатулина, олими ҳинд Қамар Ғаффор ва намояндаи Тоҷикистон, адабиётшинос М. Муллоаҳмадов ва дигарон дар мавзӯъҳои гуногуни марбут ба ҳаёту эҷодиёт ва маълумоти динию фалсафии Имоми Аъзам маърӯзаҳо хонданд.                           Бо ҳамин бахши аввали конфронс хотима ёфт. Сипас маҳфилҳои алоҳидаи конфронс дар мавзӯъҳои «Мероси Имоми Аъзам густурдаи забон, адаб ва фарҳанг» дар маҷлисгоҳи факултаи филологияи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров таҳти раёсати Масъуди Ансорӣ (Эрон), Қамар Ғаффор (Ҳиндустон), Абдуманнон Насриддинов (Тоҷикистон) ва дар толори хурди донишгоҳ таҳти раёсати Абдунабӣ Сатторзода, Қурбон Восеъ ва Мӯътабар Оқилова (Тоҷикистон) дар мавзӯи «Нақши Имоми Аъзам дар рушди фарҳанги исломӣ» баргузор гардид.                            Бегоҳии имрӯз бахши бадеӣ-фарҳангии конфронс дар боғи Хуррамшаҳри ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров идома меёбад.   

Май 29, 2009 18:46

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад