КОНФРОНСИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ПРЕЗИДЕНТИ СОБИҚИ ОЗАРБОЙҶОН
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 12 май дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Саҳми Ҳайдар Алиев дар ташкили Озарбойҷони соҳибихтиёр» конфронси илмии амалӣ баргузор мегардад. Аз сафоратхонаи Озарбойҷон дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки конфронс ба 86 — солагии рӯзи таваллуди Президенти собиқи ин мамлакат бахшида хоҳад шуд. Дар конфронс намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони парлумон, олимон, сиёсатшиносон, намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ, Ҷамъияти озарбойҷониҳои сокини Тоҷикистон ва меҳмонон иштирок хоҳанд кард. Дар ҷамъомад китоби нав дар бораи ҳаёту фаъолияти Президенти собиқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ба иштирокчиёни он пешкаш карда мешавад, ки ба забони тоҷикӣ нашр шудааст.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






