МАҒОЗАҲОИ ФУРӮШИ НУРИҲОИ МИНЕРАЛӢ КУШОДА ШУД
Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ тибқи дурнамо, дар майдони 200 ҳазору 700 гектар кишти пахта гузаронида мешавад. Кишти тирамоҳии ғалладона бошад 215 ҳазору 819 гектарро ташкил медиҳад. Баҳри таъмини саривақтии кишоварзон бо нуриҳои минералӣ ва тухмии зироатҳои кишоварзӣ мағозаҳои (нуқта) фурӯши нуриҳои минералӣ кушода гардид. Алҳол дар ҷумҳурӣ 161 мағоза, аз он ҷумла дар вилояти Суғд-14, вилояти Хатлон-89 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ -58 адад мағозаҳо дар хизмати мардум қарор доранд. Ҳамчунин 73 нуқтаи фурӯши тухмӣ, аз ҷумла дар Вилояти Суғд 11 мағоза, Хатлон- 45 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 17 мағоза барои таъмини хоҷагиҳо бо тухмӣ фаъолият доранд. Дар давоми семоҳаи аввали соли 2009 ба ҷумҳурӣ 20 ҳазору 933 тонна нуриҳои минералӣ ворид карда шудааст.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






