МАҶЛИСИ ШӮРОИ АССАМБЛЕЯИ ПАРЛУМОНИИ СААД

Май 13, 2009 10:08

                     Маскав, 13 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Имрӯз дар шаҳри Санкт — Петербург маҷлиси Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ кушода мешавад. Дар он масъалаҳои марбут ба иҷрои қарорҳои маҷлиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии дар Маскав баргузоргардида, барномаи таъминоти ҳуқуқии нақшаи тадбирҳои асосии тавсеаи ҳамкории байни давлатҳо, такмил додани низоми амнияти дастаҷамъӣ дар доираи СААД дар давраи то соли 2010 ва низомномаи фаъолияти Ассамблеяи парлумонии СААД муҳокима карда мешаванд.                    Директори Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия, раиси Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони ваколатдори мақомоти давлатҳои аъзои созмон К.Ромодановский роҷеъ ба вазъияти имрӯзаи муҳоҷирати коргарон дар мамлакатҳои аъзои созмон ҳисобот медиҳад.                   Инчунин таҷрибаи Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Белорусия дар бораи тасвиби ҳуҷҷатҳои байналхалқии дар доираи СААД қабулгардида ва натиҷаҳои фаъолияти ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои созмон дар ҷараёни маҷлисҳои зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА таҳлил карда мешаванд.                   Дар маҷлис масъалаи тайёрӣ ба ҷашни 65 — солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва таҷлили мулоқоти сеюми байналмилалии ташкилотҳои ҳарбӣ ва варзишии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Май 13, 2009 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд