МАРОСИМИ ГУЛГУЗОРӢ БА ПОЯИ ҲАЙКАЛИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров, Фарангис Раҳимова). — Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич чанд лаҳза пеш ба нишони эҳтироми мероси фарҳангию таърихии халқи тоҷик ба майдони «Дӯстӣ» омада, дар Маҷмааи меъмории Ваҳдати Миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон ба пояи муҷассамаи бунёдгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт. Меҳмони олиқадрро дар ин ҷо Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҳамроҳӣ кард. Президенти Хорватия Степан Месич имрӯз, инчунин, бо Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев мулоқот хоҳад кард. Ӯ баъдан ба шаҳри Турсунзода рафта, бо фаъолияти ширкати алюминии Тоҷикистон шинос мешавад ва осорхонаи ин корхонаро тамошо мекунад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






