МАШВАРАТИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТ

Май 19, 2009 10:24

                     18-уми майи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.                      Дар машварат масоили вобаста ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои шадиди табиӣ, иҷрои буҷети давлатӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқу захираҳои обӣ, иҷрои нишондодҳои барқияи роҳбари давлат оид ба истифодаи аксҳои Президенти мамлакат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз баррасӣ шуд.                     Оид ба рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои шадиди табиӣ дар вилояти Хатлон Раиси вилоят Ғайбулло Авзал ва дигар шахсони масъул гузориш доданд. Зикр гардид, ки танҳо дар ноҳияи Хуросон 148 хона пурра ва 127 хонаи дигар қисман зарар дидаанд. Тибқи гузоришҳо, дар якчанд шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон низ баъзе хонаҳои истиқоматӣ қисман вайрон шуда, дар зиёда аз 15 ҳазор гектар замин кишти зироатҳо зарар дидаанд. Дар 10 ҳазор гектар заминҳои зарардида аллакай дубора пахта ва дигар зироатҳо кишт карда шудааст.                      Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони масъул қотеъона супориш дод, ки барои оилаҳои аз боришоти борони зиёд ва омадани селу лойқа бехонамонда дар ҷойҳои бехавф манзилҳои нави истиқоматӣ сохта дода шавад. Таъкид гардид, ки онҳо то 6 — уми ноябри соли равон бояд вориди хонаҳои нав шаванд. Ҳамчунин баҳри таъмини онҳо бо ҷойи зисти муваққатии дорои ашёи рӯзгор ва шароити зарурии тиббию санитарӣ, таъминот бо хӯрока ва оби нӯшокӣ ва одилона тақсим намудани қарзи имтиёзноку кӯмакпулиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағу ашёи дигари ёрии башардӯстона супоришҳои қатъӣ дода шуд. Роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки кӯдакони оилаҳои зарардидаро дар лагерҳои тобистона ва мавзеъҳои дигари фароғатӣ ҷой диҳанд.Оид ба хисороти расондаи офатҳои табиӣ ва рафти бартарфсозии оқибатҳои онҳо ҳамчунин  Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев гузориш доданд.                      Раиси Вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим, Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, Раиси ноҳия Рашт Маҳмадшариф Толибов ва дигар шахсони масъул ҳамчунин оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо, ки баъди сафарҳои Президенти мамлакат ба ин минтақаҳо таҳия гашта буданд, гузориш доданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки сохтмони иншооти сершумор дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт бо суръат ва сифати баланд идома дорад.                      Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо оид ба гузарондани кишти саривақтии картошка ва дигар зироатҳо ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ супоришҳои мушаххас дод.                     Дастурҳои қатъӣ ҳамчунин оид ба кам кардани талафоти нерӯи барқ, аз ҷумла тавассути таъмини аҳолии камбизоат бо фурӯзандаҳои каммасраф ва пурра гузаштан ба истифодаи онҳо дода шуд.                      Роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки мутобиқи талаботи барқияи махсуси телефонии роҳбари давлат истифодаи аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба низом дароварда, ба корҳои худнамоӣ аз ҷониби мансабдорон роҳ надиҳанд.                        Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 19, 2009 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд