Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст

Декабрь 17, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 17.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ  сар задани сел ва дар баъзе шоҳроҳҳо  фаромадани  тарма пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ медиҳад.

Пагоҳ дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бориши борону барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои водигӣ ва доманакӯҳии вилояти Суғд рӯзона бориши борон ба барф гузашта, дар водиҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бориши борон дар назар аст.

Шамол аз самти шимолу ғарб дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Суғд то 15-20 метр дар як сония мевазад.

Бо сабаби бориши боронҳои бошиддат дар ноҳияҳои Ховалинг ва Муъминободи вилояти Хатлон, дар ноҳияҳои Рашт, Сангвор ва Ағбаи Чормағзаки ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани сел дар назар аст.

Дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ва мавзеи Майхӯраи ноҳияи Варзоб фаромадани тарма пешгӯӣ карда мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 17, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид