МАСОҲАТИ ҶАНГАЛЗОРҲО ВАСЕЪ МЕГАРДАД
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагиҳои тобеи он тибқи нақшаи корӣ дар майдони 857 гектар ҷангалзорҳои нав бунёд намуда, дар 12 ҳазору 50 гектар нигоҳубини ҷангалро ба роҳ монданд. Соли ҷорӣ, дар мавсими кабудизоркунӣ, 600 кг тухмии арчаи зарафшониро барои бунёди ҷангалҳои оянда кишт намуданд. Дар майдони 40 гектар ниҳолхона ташкил карда шудааст, ки дар дохили он даҳҳо намуди тухми ниҳолҳои сояфкану мевадиҳанда кишт карда шудааст. Ҳоло дар хоҷагии ҷангал 2 млн.236 ҳазору 390 бех ниҳолҳои ҳархелаи мевадиҳандаву ороишӣ парвариш меёбад. Дар мавзеи «Сайёд»-и ноҳияи Данғара ба миқдори 119 ҳазору 965 бех ниҳолҳои босамар ва ороишӣ шинонда шуда, 590 кг тухмии дарахтони акатсия, шулаш ва бодоми талх кишт карда шудааст. Ин чорабинӣ барои васеъ кардани майдони ҷангалзорҳои ҷумҳурӣ мусоиддат менамояд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






