МАСОҲАТИ КИШТИ ПАХТА КОҲИШ МЕЁБАД

Май 8, 2009 11:59

                       Кӯлоб, 8 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Бар асари боридани боронҳои пай дар пайи чанд рӯзи охир беш аз 10 ҳазор гектар замини кишти пахта дар минтақаи Кӯлоб зарар дидааст. Баҳриниссо Назарова, сарагрономи идораи кишварзии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, агар як қисмати заминҳои пахтаро об шуста бошад, аз сӯи дигар беш аз се ҳазор гектар замини кишти пахта аз намнокии зиёд комилан ба нестӣ расидааст ва идораи кишоварзӣ тасмим дорад, то дар заминҳои осебдида аз сари нав кишти пунбадонаро ба роҳ монад.                       Бояд гуфт, ҳанӯз маблағи зарари расида аз ҳисоби офати табиӣ ба заминҳои кишти пунбадона пурра маълум нест. Ҳарчанд, ки масъулин зарари расидаро талафоти бузург ба соҳаи кишоварзӣ дар чанд соли охир унвон намуданд. Вале ба гуфтаи эшон зарари расида аз ҳисоби дороии худи хоҷагиҳои Пахтакор ҷуброн хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки хоҷагиҳои пахтакор қарзҳои азиме аз бонкҳои маҳаллӣ бар дӯш доранд ва аксаран бо далели коҳиш ёфтани нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳам ҳосили пахтаи соли гузаштаро ба фурӯш нагузоштаанд. Қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор тибқи иттилои расмӣ ба 512 миллион сомонӣ мерасад. Бонкҳои маҳаллӣ низ аз додани қарз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ худдорӣ менамоянд. Ба унвони мисол Сайфулло Абдулваҳобов, ҷонишини директори Тоҷиксодиротбонк дар Кӯлоб мегӯяд, то хоҷагиҳои пахтакор қарзи бонкро барнагардонанд, дигар ба онҳо қарз дода намешавад.                   Дар ҳамин ҳол ба тахмини коршиносон чунин ранг гирифтани кор ба муфлисшавии хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор оварда мерасонад.                   Аммо масъулини идораи кишоварзӣ мегӯянд, таи ду соли охир дар 12 ҳазор гектари замини кишти пахта зироатҳои дигари кишоварзӣ кошта мешавад ва солҳои оянда низ заминҳои кишти пахта дар минтақа коҳиш хоҳад ёфт. Феълан дар панҷ навоҳии минтақаи Кӯлоб дар масоҳати 35 ҳазор гектар замин пахта кишт мешавад.

Май 8, 2009 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд