МАВСИМИ КИРМАКПАРВАРӢ ОҒОЗ ЁФТ
Рашт, 26 май. ( АМИТ «Ховар» Мирзосафар Ризвонов).- Аз 22-юми майи соли равон дар хоҷагихои ноҳияи Рашт маъракаи кирмакпарварӣ оғоз ёфт. Ба 2300 нафар пиллапарварони ноҳия 800 қуттӣ тухми кирмак тақсим карда шуд, ки ин нисбати соли гузашта 217 қуттӣ зиёд мебошад. Чи тавре, ки дар сӯҳбат ба мо сардори идораи пиллақабулкунии ноҳия Илҳомуддин Сироҷов иброз дошт, тухми имсолаи кирмак навъи чинӣ буда, ба иқлими навоҳии кӯҳистони Рашт мутобиқат мекунад. Пиллапарварон нақша доранд, ки дар мавсими имсола беш аз 37 тонна пиллаи аълосифат истеҳсол намоянд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






