МУҲАРРИКИ 4 –УМИ «САНГТӮДА- 1» БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои маркази матбуоти ширкати саҳҳомии «<Барқи тоҷик» имрӯз муҳаррики 4-уми НБО «Сангтӯда -1» аз ҳолати ғайрикорӣ (холостой ход) ба ҳолати корӣ гузаронида мешавад. Ёдовар мешавем, ки агрегати 4-уми «Сангтӯда-1» тибқи шартномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бояд моҳи январи соли ҷорӣ ба истифода дода мешуд, аммо бо сабаби нокифоятии маблағ ва напардохтани ҳаққи истифодаи нерӯи барқи аз се агрегат ҳосилгардида, ки наздик ба 12 млн. сомонӣ баробар аст, мӯҳлати ба истифодадиҳии агрегати 4-ум то имрӯз тӯл кашид. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, корҳои сохтмонӣ ва тармиму таҷдиди толори мошинҳои истеҳсолӣ ва сохтмони сарбанд дар се баст идома дода мешавад, ин аз он ҷиҳат аст, ки як қисми сохтмончиён барои кор ба нерӯгоҳи барқи обии Роғун фиристода шуданд. Мавриди пурра ба истифодадиҳии нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» моҳи август пешбинӣ шудааст.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






