МУҲОКИМАИ ЛОИҲАИ СОЗИШНОМА ДАР БОРАИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ТИҶОРАТ&#12

Май 19, 2009 10:18

                       Душанбе, 19 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дар Кумитаи иҷроияи ИДМ маҷлиси нахустини гурӯҳи кории коршиносон баргузор гардид. Дар он лоиҳаи созишнома дар бораи минтақаҳои озоди тиҷоратӣ муҳокима карда шуд, ки онро Вазорати рушди иқтисоди Русия пешниҳод намудааст.                     Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маҷлис намояндагони Озарбойҷону Арманистон, Белорусия ва Қирғизистон, Молдавия, Русия, Тоҷикистон, Украина ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат варзиданд. Намояндагони Қазоқистон ва Ӯзбекистон дар маҷлис иштирок накарданд.                      Ҳамаи иштирокчиёни маҷлис пешниҳоду мулоҳизаҳояшонро дар бораи созишнома пешакӣ тайёр карда буданд. Озарбойҷон хабар дод¸ ки мавқеи худро роҷеъ ба созишнома дертар муайян карда, таклифҳояшро ба муҳокимаи маҷлиси ояндаи гурӯҳи корӣ пешниҳод менамояд.                     Тибқи қарори қабулшуда, аз Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи созишномаро бо назардошти пешниҳоду мулоҳизаҳо такмил дода, то 15 июни соли равон ба Кумитаи иҷроияи ИДМ фиристад. Илова бар ин, аз кумитаи иҷроияи ИДМ хоҳиш карда шавад, ки мавқеи Қазоқистон ва Ӯзбекистонро дар ин масъала муайян намояд. Дар маҷлис аз Ҳукумати Туркманистон хоҳиш карда шуд, ки намояндаи худро ба ҳайати гурӯҳи кории коршиносони ИДМ фиристода, дар гуфтушунидҳо роҷеъ ба созишномаи ташкили минтақаҳои озоди тиҷоратӣ ширкат варзад.                       Маҷлиси ояндаи гурӯҳи корӣ моҳи июл дар Маскав баргузор мегардад.

Май 19, 2009 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад