МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АБДУЛЛО ГУЛ

Май 29, 2009 11:06

                         29 май, — (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул ба Тоҷикистон идома ёфт.                          Барномаи имрӯзаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул бо маросими истиқболи расмии ӯ дар майдони назди Қасри Миллат оғоз шуд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гулро истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.                          Маросими истиқболи меҳмони олимақом тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ҳарду кишвар, гузаштан аз назди ҷузъҳои Горди фахрӣ ва салом додан ба онҳо, эҳтиром овардан ҷониби Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳарду давлат сурат гирифт.Дар маросими расмии истиқболӣ ҳамчунин намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.                         Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул бо расми гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди сарони ду давлат ба поён расид.                          Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар ҳамин бино мулоқоти хосаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул оғоз ёфт, ки дар он масоили таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия баррасӣ мегардад.                         Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 29, 2009 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад