МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШИГЕО КАТСУ

Май 8, 2009 14:46

                      Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ Шигео Катсуро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд.                      Гуфтугӯйи судманд атрофи нишондодҳои рушди макроиқтисодии кишвар, андешидани тадбирҳои муассир баҳри коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, дастгирии буҷети давлатӣ ва бонкҳои саҳҳомӣ, мусоидат ба инкишофи соҳибкории хусусӣ, ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва ҳамчунин оид ба истифодаи захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва аҳамияти минтақавии он сурат гирифт.                     Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки Умумиҷаҳонӣ барои ҷудо намудани 20 миллион доллари амрикоӣ грант баҳри дастгирии буҷети давлатии Тоҷикистон ва 14 миллион доллари дигар барои паст кардани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии озуқаворӣ арзи сипос кард.                      Шигео Катсу изҳор дошт, ки бо назардошти пайдо шудани сарчашмаҳои нави молиявӣ Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дигар муассисаҳои мададрасон метавонанд грантҳои иловагӣ барои дастгирии иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистон дар давраи бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ҷудо намоянд.Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳо таъкид намуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 8, 2009 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд