МУЛОҚОТИ Ҳ.ЗАРИФӢ БО ГУРӮҲИ САФИРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ САҲА
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дирӯз бо ҳайати сафирони давлатҳои аъзои САҲА таҳти роҳбарии раиси Шӯрои доимӣ, намояндаи ҳукумати Юнон дар САҲА, сафир Мари Маринаке мулоқот кард. Дар мулоқот, инчунин, директори Маркази пешгирии муноқишаҳои САҲА, сафир Х.Залбер, роҳбари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон, сафир В.Пряхин ва шахсони дигари расмӣ ширкат варзиданд. Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкории Тоҷикистон ва САҲА дар шароити ҳозира баррасӣ шуданд. Ҳ.Зарифӣ зикр кард, ки саҳми САҲА дар таҳкими заминаи таъмини амният ва вазъияти босуботи Тоҷикистон хеле калон мебошад. Тоҷикистон имрӯз дар арафаи 12 — солагии имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар доираи созмон амал карда, ба мустаҳкамтар сохтани амнияти миллию минтақавӣ шурӯъ намуд. Раиси Шӯрои доимӣ М.Маринаке изҳор намуд, ки Тоҷикистон дар ҳудуди САҲА дар бобати таҳкими суботи вазъияти мамлакатҳои аъзои он нақши асосӣ дорад. Вай Ҳамрохон Зарифиро бори дигар аз номи вазири корҳои хориҷии мамлакаташ даъват намуд, ки 27 — 28 июн дар шаҳри Корфу дар мулоқоти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои САҲА иштирок намояд. Дар ин мулоқот масъалаҳои таъмини вазъияти мамлакатҳои Аврупо муҳокима карда мешаванд. Ҳ.Зарифӣ афзуд, ки ташрифи ҳайати сафирони САҲА ба кушодани Коллеҷи олии ҳайати қумондонии ҷузъу томҳои марзбони созмон рост омад. Вай ба мамлакатҳои аъзои созмон барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар бобати тартибу таҳияи барномаи миллии стратегии идораи сарҳадҳо изҳори сипос намуд. Мусоҳибон бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки Тоҷикистон бо САҲА дар иҷрои барномаҳои марбут ба барҳам додан ва таъмини бехатарии аслиҳаи зиёдатии сабук, оташфишон ва навъҳои дигари лавозимоти ҳарбӣ самарабахш ҳамкорӣ мекунад. Зимни мулоқот роҷеъ ба проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ табодули назар карда шуд. Ҳамрохон Зарифӣ мусоҳибонашро даъват кард, ки кӯшишҳояшонро барои ҷалби маблағҳои иловагӣ бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои Тоҷикистон вобаста ба аҳдномаи Оттава бештар созанд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






