МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ БО ҲАЙАТИ СЕГОНАИ ИТТИҲОДИ АВРУПО
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Баъди чошти имрӯз дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бо ҳайати сегонаи Иттиҳоди Аврупо баргузор мегардад. Намояндагони Иттиҳоди Аврупо бо ҳайатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон мулоқот хоҳанд кард. 30 май маҷлиси умумии ҳайати сегонаи Иттиҳоди Аврупо ва вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ кушода мешавад. Дар он ҳуҷҷатҳо дар бораи афзалиятҳои миллӣ, нақшаи фаъолияти муштараки Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза ба муқобили паҳн гардидани маводи нашъадор, ҳамкории мамлакатҳои минтақа, рушди соҳаи энергетика, истифодаи оқилонаи захираҳои об, тақвияти муҳофизати сарҳадҳо ва мубориза ба муқобили маводи нашъадор муҳокима карда мешаванд. Иттиҳоди Аврупо аз рӯзҳои аввали мустақил гардидани мамлакатҳои Осиёи Марказӣ барои мусоидат ба ислоҳот дар минтақа зиёда аз як миллиарду 200 миллион евро сарф намуд. Созишномаи шарокат ва ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба ҳамкории ҳамаҷониба имкон медиҳад. Чунин созишнома бо Тоҷикистону Туркманистон низ имзо карда мешавад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






