НИКОЛАЙ БОРДЮЖА БА ТОШКАНД РАФТ

Май 21, 2009 17:38

                         Маскав, 21 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа 21 май барои боздиди корӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафт.                          Ӯ қабл аз парвоз дар майдони ҳавоӣ ба хабарнигорон гуфт, ки сафар аз рӯи нақша сурат мегирад. Дар ҷараёни он масъалаҳои тайёрӣ ба мулоқоти сарони давлатҳои аъзои созмон баррасӣ карда мешаванд, ки моҳи июн баргузор мегардад. Инчунин, ҷараёни иҷрои қарорҳои маҷлиси ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон муҳокима карда мешавад, ки моҳи феврал баргузор гардида буд. Мо ҳамчунин дар Тошканд масъалаҳои марбут ба ташкили Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилиро муҳокима мекунем, гуфт Н.Бордюжа.                          Мавсуф дар Тошканд бо роҳбарияти дастгоҳи Шӯрои амнияти миллӣ, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва мудофиаи Ӯзбекистон мулоқотҳо анҷом хоҳад дод.                              Аз дафтари матбуоти котиботи СААД ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Николай Бордюжа дар давоми яку ним моҳи охир барои муҳокимаи ин масъалаҳо ба Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Белорусия сафар кард.  

Май 21, 2009 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд