РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД
Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Лудмила Дубинина). — Рӯзҳои наздик дар Мактаби таҳсилоти муттасили тахассусии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ Рӯзи дарҳои кушод ташкил карда хоҳад шуд. Дар он на танҳо хатмкунандагону дастпарварони мактабҳои миёна, балки калонсолони бекор низ ширкат варзида, барои худ касби муайянро интихоб карда метавонанд. Ташкилкунандагони ҷамъомад дар бораи фаъолияти мактаб, донишгоҳ, барномаҳои таълимии он, шартҳои қабул ва шароити таҳсил нақл мекунанд. Роҳбари мактаби мазкур Диловар Бӯтабеков ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар ин ҷо аз рӯи ихтисосҳои ҳисоби байналхалқии бухгалтерӣ, ташкилкунандагони сафару саёҳат дар минтақаи кӯҳистон, технологияи иттилоотӣ, забонҳои хориҷӣ ва ғайра мутахассисон тайёр карда мешаванд. Дар назди донишгоҳ курсҳои кӯтоҳмуддати техникӣ низ мавҷуданд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






